«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA» Форуми байналмилалии геологӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии форум аз таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ташаккули ҷомеаи шарикӣ барои рушди устувори соҳа иборат буд.
Дар доираи форум масъалаҳои захираҳои минералӣ, истифодаи устувори қаъри замин, рақамикунонии равандҳо, таҳқиқоти фаромарзӣ ва металлҳои стратегӣ баррасӣ гардиданд.
Намояндагони Тоҷикистон зимни иштирок дар ҳамоиш аҳамияти табодули дониш ва истифодаи таҷрибаи байналмилалиро таъкид намуданд. Ҳамзамон ба масоили захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар доираи форум намоишгоҳи технология ва таҷҳизоти геологӣ баргузор гардида, дар он дастовардҳо дар самти геофизика, харитасозӣ, технологияҳои пармакунӣ ва таҳлилӣ, рақамикунонии корҳои геологию иктишофӣ ва низомҳои экологӣ-геологӣ муаррифӣ шуданд. Геологҳои ҷавон низ лоиҳаҳои илмӣ-технологияшонро пешниҳод намуданд.
Иштирокчиён иброз намуданд, ки форум байни гузашта, имрӯз ва ояндаи илми геология ҳамчун пули робитавӣ хизмат намуда, аҳамияти ҳамгироии таҷрибаи анъанавӣ бо технологияҳои муосирро барои таъмини рушди устувори минтақаи Авруосиё боз ҳам тақвият медиҳад.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






