Бузургтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ — барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 12.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Анҷумани саодати миллат»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зикр намуд, ки дарвоқеъ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ ва таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ, инчунин пайгирӣ намудани принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаасос заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санади тақдирсоз иброз намудаанд, ки «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид».
Дар конференсия иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Тоҳиров, доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набизода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод ва номзади илмҳои таърих, дотсент Рустам Юлдошев доир ба таърих ва раванди баргузорӣ, арзиш ва муҳимияти ин рӯйдоди бузурги таърихӣ сухан намуданд.
Зикр гардид, ки дар замони буҳрони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иҷлосия якчанд санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд. Ҳамаи қарору қонунҳо ҳамчун иқдомоти пай дар пайи роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ, ки дар иҷлосия интихоб гардид, имкон доданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузошта, мардум ба бунёдкориву созандагӣ машғул шавад.
Бузургтарин дастоварди мо пас аз Иҷлосияи таърихӣ, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.
Иштирокдорони конференсия бори дигар бо таърихи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар барқарории сулҳу ваҳдати комил ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ шинос гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






