Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин-2023 дар Белград доир мешавад
ДУШАНБЕ, 20.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин соли дуюм пайи ҳам дар Белгради Сербия баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Озарбойҷон ва Туркия низ ба мизбонии ин чорабинии сатҳи баланд ҳавасмандии худро баён дошта буданд. UWW ҳамкориро бо федератсияҳои миллии ин кишварҳо барои чорабиниҳои оянда идома медиҳад.
Белград, ки Чемпионати ҷаҳонии гӯштин-2022-ро бомуваффақият гузаронд, дар оғози моҳи сентябри соли 2023 дубора мизбони ин мусобиқот хоҳад шуд.
Санаи баргузории мусобиқа шояд аз 16 сентябр ба 24 сентябр иваз карда шавад, зеро он бо Бозиҳои Осиё, ки қарор аст 23 сентябр дар Ҳангжоуи Чин оғоз шавад, бархӯрд мекунад.
Гӯштингирон дар Чемпионати ҷаҳон дар Белград барои дарёфти 90 роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 имкон пайдо мекунанд. Ҳар кишваре, ки дар чемпионати қоравии соли 2023 ширкат кардааст, ҳақ дорад дар чемпионати ҷаҳон иштирок кунад.
Ёдовар мешавем, ки 11 ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он истеъфои президенти федератсия Комил Мирзоалӣ тасдиқ гардида, президенти нави Федератсияи гӯштини Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода интихоб шуд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






