«CRAFT FAIR UZBEKISTAN 2022». Намояндагони Тоҷикистон дар ин ярмаркаи байналмилалӣ иштирок мекунанд

Ноябрь 30, 2022 09:06

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 ноябр то 2 декабр дар Тошканд Ярмаркаи байналмилалии «Craft Fair Uzbekistan 2022» баргузор мегардад, ки дар он Тоҷикистонро Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва зиёда аз 50 ширкати сайёҳии ватанӣ намояндагӣ мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ярмаркаи мазкур дар Маҷмӯи миллии намоишгоҳи «Узэкспомарказ» баргузор мешавад. Дар он маҳсулоти ҳунармандони тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мегарданд.

Дар доираи ярмаркаи мазкур инчунин дарсҳои маҳорат оид ба ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 30, 2022 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид