Дар Душанбе лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Ноябрь 29, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ҳамоиш доир гардид, ки    мақсади баргузории он пешниҳод ва ирсоли лоиҳаи ниҳоии Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар арзёбӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода иброз намуд, ки таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.

Ба хотири татбиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018  тасдиқ шудааст, кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо шарикон гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод, ки мақсади асосии он бартараф намудани номутобиқатӣ ва кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаммонанд мебошад.

Дар шароити аз меъёр зиёд шудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар баъзе соҳаҳо, бахусус дар соҳаи иттилоот кодификатсия хеле муҳим мебошад. То имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ 10 қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул карда шудаанд, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеа ва рушди ин соҳа, таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот вобаста мебошад. Вале на ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар ин соҳа имконияти ба таври системавӣ ба танзим даровардану идора кардани муносибатҳои иттилоотиро доранд. Меъёрҳои амалкунандаи баъзе аз ин қонунҳо хилофи ҳамдигаранду якдигарро такрор мекунанд.

Бинобар ин дар доираи кодекс муттаҳид кардани баъзе аз онҳо метавонад заминаи пайдо шудани зиддиятҳоро аз байн барад ва истифодаи амалии онҳоро муносибтар созад.

Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин таъкид намуд, ки мақсади асосии кодификатсияи қонунгузорӣ дар соҳаи иттилоот аз он иборат аст, ки он заминаи муназзаму муташаккили ҳуқуқиро барои рушд ва танзими ин соҳа, бартараф намудани мухолифатҳо дар меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар робита ба пайдоиши шартҳои нав ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фароҳам меорад.

Дар асоси татбиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва амалисозии Кодекси иттилооти намунавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гурӯҳи корӣ лоиҳаи Кодекси иттилотиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки он аз 9 боб ва 100 модда иборат мебошад.

Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотиро муқаррар намуда, муносибатҳои иттилоотиро ба танзим медарорад ва вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян менамояд.

Мақсади асосии кодекс татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ, ҳифзи иттилоот ва муқаррар кардани реҷаҳои ҳуқуқии он  мебошад.

То имрӯз муҳокимаи лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор гардид, ки дар асоси фикру пешниҳодҳои баёншудаи рӯзноманигорон, аҳли қалам ва аҳли фикру андеша мазмуну мундариҷаи он такмил дода шуд.

Акс: МН МО ҶТ

Ноябрь 29, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид
Робитаҳои байнипарламентӣ ва ҳамкории гуногунсамта байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид