Дар Китобхонаи миллӣ оид ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 16, 2022 13:56

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз-заминаи рушди босуботи кишвар» ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии мазкур.

Дар ҷамъомад Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Сайфулло Сафаров, Шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, донишҷӯёни факултети «Идоракунии давлатӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов вобаста ба аҳамияти таърихии баргузории ин иҷлосия барои давлатии соҳибистиқлоли тоҷик, нақши қарорҳои қабулгардида ҷиҳати рушди минбаъдаи мамлакат, ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастоварду пешравиҳои халқи тоҷик дар ин солҳо ибрози андеша намуд. Зикр шуд, ки барои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин падидаҳои таърихӣ ва тақдирсоз буда, арҷгузорӣ ба он қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо дониста мешавад.

Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки халқи тоҷик ва ҷумҳурии тозабунёди мо дар оғози соҳибистиқлолӣ бо чӣ гуна душвориҳо, аз ҷумла халалдор гардидани сохти конститутсионӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани шаҳрвандон, ба вуҷуд омадани бесарусомониҳо дар кишвар рӯ ба рӯ гардид. Ҳатто мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли мо зери хатар афтода буд. Барои таҳкими истиқлолияти кишвар дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ 16 ноябри соли 1992 баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин амал буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ҳамчун меъмор пояҳои давлатдории навини тоҷиконро бунёд ва миллати моро дубора ба ҳам пайванд намуда, дар эъмори давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ саҳми беназир гузоранд.

Собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, ходимони сиёсию ҷамъиятӣ Ҷумахон Файзализода, Сайфулло Сафаров, Аскар Ҳаким ва Сулаймоншоҳ Ғуломшоев вобаста ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули мамлакат, хизматҳои шоёни Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқу миллати тоҷик, аллалхусус баргардонидани тамоми гурезагон, саҳми Сарвари давлат дар рушди тамоми соҳаҳои хаҷагии халқ, аз ҷумла илму фарҳанг, маорифу соҳаи ҷавонон, бунёдкорию созандагии кишвар, тадбирҳо дар самти таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамзамон нақши Сарвари давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар намуда, суханҳои хешро бо иқтибосҳо аз паёму суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият доданд.

Дар ҷамъомад инчунин маърӯзаҳои илмӣ- назариявӣ шунида шуда, хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар низоми хизмати давлатӣ бо мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ қадршиносӣ карда шуданд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2022 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт