Дар Кобул таркиш ба амал омад
ДУШАНБЕ, 03.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Таркиш субҳи дирӯз, 2 ноябр дар яке аз ноҳияҳои Кобул рух дод. Дар ин бора рӯзномаи «Hasht-e Subh» хабар додааст.
Ба маълумоти ин нашрия, дар маҳаллаи панҷуми шаҳр воситаи нақлиёте тарконида шуд, ки дар он кормандони Вазорати бозсозӣ ва рушди кишоварзии ҳаракати тундрави «Толибон»*, ки дар Афғонистон қудратро ба даст гирифтаанд, ҳаракат мекарданд. Ҷузъиёти ҳодиса муайян карда мешавад.
Толибон то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Қатар «Ал-Ҷазира», дар натиҷаи таркиш ҳалокшудагон ва захмиён ҳастанд, ки теъдоди онҳо мушаххас нест.
Моҳҳои охир дар вилоятҳои Афғонистон, аз ҷумла минтақаи пойтахт, силсилатаркишҳо, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва тирпарронӣ мушоҳида мешаванд, ки бар асари онҳо ҳам ҷонибдорони толибон ва ҳам мардуми осоишта кушта мешаванд. «Давлати исломӣ» дар Хуросон» — як шохаи созмони террористии «Давлати исломӣ» масъулияти бисёре аз ҳамлаҳоро бар уҳда гирифтааст.
___________________
* Ташкилоти террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст
АКС аз манбаъҳои боз








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






