Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рушди сайёҳӣ дар дилхоҳ давлат ба таъмини заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, бунёди таҳкурсии қонунгузорӣ вобастагӣ дорад. Кафолати баамалбарории фаъолияти сайёҳӣ дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Ин матлабро имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Тоҷиддин Ҷӯразода иброз дошт, ки «маҳз бо шарофати Конститутсия ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавоз шинохтанд».
Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз маҷмўи санадҳо ва меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки бевосита ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин масъалаҳои ташкили дурусти кор ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, фурудгоҳҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба кишвар, таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






