Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат дар мавзӯи «Ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» дар 9 моҳи соли 2022» муҳокимаи парлумонӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Аз рӯи масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз намуд, ки таҳлилҳо нишон доданд, ки вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ ба 79,3 млрд сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 7,8 фоиз баробар гардидааст.
Афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар тамоми соҳаҳо ба назар мерасад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 18,0 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 17,0 фоиз, хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 16,2 фоиз, мусофиркашонӣ 13,4 фоиз, гардиши савдо 11,1 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 18,8 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ боиси таъмин гардидани рушди мусбати иқтисодиёти ҷумҳурӣ гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба 5 миллиарду 410 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра музди миёнаи моҳона ба 1693,7 сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Мусбат ҷамъбаст гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар имконият дод, ки нишондиҳандаҳои фискалӣ, аз ҷумла даромад, хароҷот ва касри буҷет низ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шаванд.
Дар ин робита дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар сатҳи 103,2 фоизи нақша таъмин ва ба буҷети давлатӣ 24,3 млрд сомонӣ ворид гардид.
Барзиёдии воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 757,4 млн сомониро ташкил дод.
Ҳамин тавр, аз таҳлилҳо бармеояд, ки гарчанде нақшаи қисмҳои даромади буҷет дар 9 моҳи соли ҷорӣ иҷро гардида бошад ҳам, вале дар истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ камбудиҳо ба назар мерасанд. Бинобар ин, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои судманд андешанд.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи муҳокимаи парлумонӣ дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Собирзода, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода, муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода, муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Талбакзода сухан гуфтанд.
Баъди музокираҳо дар фарҷоми муҳокимаи парлумонӣ тавсияҳо қабул карда шуданд.
Акс: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






