Дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба ҳолатҳои фавқулода тамрину омӯзишҳо ҷараён доранд

Ноябрь 29, 2022 11:32

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд санҷиши ҳолати омодагии қувваҳо ва воситаҳои минтақа ва машқҳои ҳамаҷонибаи мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали роҳбарияти вилоят, комиссия, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ» дар се марҳила баргузор гардид, ки то 30 ноябр идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тамрину омӯзиши мазкур дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии чорабиниҳои Кумита оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2022 доир карда шуд.

Ҳадафҳои асосии чорабинӣ такмили роҳу усулҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи аҳолӣ, боло бурдани дониш ва малакаи амалии роҳбарият, мақомот ва қувваҳои ноҳия дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ ё садамаҳои техногенӣ мебошад.

Дар айни замон омӯзишҳо ва тармимҳои маҷмӯӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд идома доранд.

Акс: КҲФ ва МГ

Ноябрь 29, 2022 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид