Дар Остона 32 шаҳрванди Тоҷикистонро дар шоҳроҳ наҷот доданд

Ноябрь 30, 2022 13:39

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба кумак ниёз доштанд, наҷотдиҳандагони пойтахти Қазоқистон дар шоҳроҳ наҷот доданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

«30 ноябри соли равон субҳи барвақт ба қисми ҳарбии департаменти ҳолатҳои изтирории шаҳри Остона хабар расид, ки автобус бо мусофирон дар шоҳроҳи Остона-Кокшетау ба кумак ниёз дорад. Дар натиҷаи ях кардани сӯзишвории дизелӣ автобус бо 32 мусофир таваққуф кардааст.

Наҷотдиҳандагон зуд ба вилояти Ақмола рафта, дар он ҷо бо расидан ба шоҳроҳи 10-километрии Остона ба анҷом додани амалиёти наҷот ва тахлияи афроди иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон шурӯъ кардаанд. Наҷотдиҳандагон корҳои наҷотдиҳии шаҳрвандонро бомуваффақият ба анҷом расониданд. Миёни наҷотёфтагон зарардидагон нестанд», — омадааст дар изҳороти маркази матбуоти ВҲФ ҶҚ дар шабакаи Telegram.

АКС: gov.kz

Ноябрь 30, 2022 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид