Дар шаҳри Куала-Лумпур Фестивали кинои Тоҷикистон баргузор гардид

Ноябрь 1, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ҶДММ «Golden Screen Cinemas» дар шаҳри Куала-Лумпур бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия Фестивали кинои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи фестивал намояндагони мақомоти расмии Малайзия, корпуси дипломатии муқими Куала-Лумпур, ВАО, доираҳои соҳибкорон, ходимони илму фарҳанг, инчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Малайзия иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ оид ба пешрафту дастовард ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия иброз дошт, ки ин аввалин Фестивали кинои Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур мудири ҶДММ “Golden Screen Cinemas” хонум Коҳ Мей Ли сухан гуфт.

Дар баробари ин дар чорабинӣ асбоби мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расмҳои мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, таомҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

 

Ноябрь 1, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд