Дирӯз дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд

Ноябрь 21, 2022 07:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе, 20 ноябр дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд. Мутобиқи Конститутсияи нави ин кишвар, сарвари давлат ба муҳлати ҳафт сол бидуни ҳаққи интихоби дубора ба давраи дуюм интихоб карда мешавад, хабар медаҳид АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Казинформ».

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон, ба ҳолати шоми рӯзи якшанбе иштирок дар интихобот ҳудуди 70 фоизро ташкил дод, натиҷаҳои пешакии интихобот имрӯз, 21 ноябр эълон мешаванд.

Барои иштирок дар интихобот шаш номзад ба қайд гирифта шуда буд. Онҳо президенти амалкунанда Қосим-Жомарт Токаев, вакили маслиҳати Остона (мақомоти қонунбарори маҳаллӣ) Каракат Абден, намояндаи Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ Нурлан Ауесбаев, роҳбари Ассотсиатсияи фермерҳои Қазоқистон Жигули Дайрабаев, иқтисодчӣ Мейрам Кажикен ва ҳомии ҳуқуқи башар Салтанат Турсинбекова буданд.

АКС: РИА Новости

Ноябрь 21, 2022 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид