ДЗЮДО. Темур Раҳимов дар Чемпионати Аврупо сазовори медали нуқра гардид

Ноябрь 28, 2022 08:26

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар Чемпионати дзюдои Аврупо миёни бузургсолон дар ҳайати дастаи «Red Star» -и Сербия ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври ниҳоӣ дастаи «Red Star» аз дастаи «Fighter»-и Гурҷистон ноком шуд.

Ёдовар мешавем, ки 6 ноябр дар шаҳри Гории Гурҷистон Чемпионати Аврупо миёни бузургсолон (European Judo Championships — Champions League (W&M) 2022) баргузор гардид.

Рақобатҳо аз рӯи 10 вазн (5 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) миёни 161 ҷудокор аз 26 кишвари ҷаҳон доир шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 28, 2022 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид