«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Душанбе 94 нафар ғолибони даври шаҳрӣ ба марҳилаи ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд

Ноябрь 9, 2022 16:12

ДУШАНБЕ, 09.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Сурӯш»-и пойтахт маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд. 94 нафар довталабоне, ки дар даври шаҳрии озмуни мазкур ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро ишғол намуда буданд, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ба ғолибони ҷойи якум 20 000 сомонӣ, мақоми дуюм 15 000 сомонӣ ва сеюм 10 000 сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе мукофотпулӣ ва «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳо тақдим карда шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода барандагон ва иштирокчиёни озмунро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик намуда, барояшон дар даври ҷумҳуриявии озмун барору комёбӣ ва саодату сарбаландӣ таманно намуд.

Тазаккур дода шуд, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.

Озмун аз рӯйи панҷ номина: -адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср баргузор гардид. Иштирокчиёни номинаҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда шуданд: -хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4); -хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11); донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ; омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Яке аз ғолибони озмун, хонандаи синфи 4-и МТМУ №94-и пойтахт Муҷтабо Толибзода иброз дошт, ки соли сеюм аст дар озмуни мазкур иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро сайқал медиҳад.

«Озмуни мазкур маро ба ватандӯстиву ифтихор аз ватандорӣ, дӯст доштани китоб ва мутолиаи он водор сохт. Аз ин рӯ ба ҳамсолону ҳамватанони худ тавсия медиҳам, ки вақти пурқимати худро беҳуда сарф накарда, ба мутолиаи китоб машғул шаванд. Зеро китоб роҳнамою раҳкушо дар зиндагии ҳар шахс ба ҳисоб меравад».

Дар даври шаҳрии озмун 423 нафар довталабон аз 4 ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ номина иштирок намуда, ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон ба дониши онҳо баҳо гузоштанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2022 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд