ФУТБОЛ. Манучеҳр Ҷалилов бори чорум нишонзани беҳтарини чемпионати Тоҷикистон гардид

Ноябрь 29, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари 32-солаи дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов бори чорум дар корномаи худ нишонзани беҳтарини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ гардид. Қаблан Ҷалилов дар солҳои 2015, 2016 ва 2021 беҳтарин нишонзани Лигаи олӣ шуда буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мавсими анҷомшуда Манучеҳр Ҷалилов ба задани шонздаҳ гол даст ёфт. Дилшод Бозоров («Эсхата») бо 13 гол дар мақоми дуюм ҷой гирифт. Дар зинаи сеюми феҳристи нишонзанҳо футболбози дастаи «Истиқлол» Шервонӣ Мабатшоев бо 12 гол қарор дорад.

Ҳамаи нишонзанҳои чемпионати Тоҷикистон (1992-2022):

1992 – Умед Алидодов («Помир», Душанбе) – 11 гол.

1993 – Холмурод Зардов («Помир», Душанбе) – 30 гол.

1994 – Давлат Содиқов («Ҳулбук», Восеъ) – 26 гол.

1995 – Зокир Бердиқулов («Истаравшан», Истаравшан) – 42 гол.

1996 – Муҳиддин Иззатуллоев («Равшан», Кӯлоб) – 35 гол.

1997 – Рустам Усмонов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 21 тӯб.

1998 – Назиршо Ризомов (Саддом, Сарбанд) – 25 гол.

1999 – Ораз Назаров («Варзоб», Душанбе) – 27 гол.

2000 – Мансур Ҳакимов («Хуҷанд», Хуҷанд) – 28 гол.

2001 – Пирмурод Бурҳонов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 20 гол.

2002 – Ҷомихон Муҳиддинов («Хуҷанд», Хуҷанд) – 29 гол.

2003 – Осим Бобоев («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 38 гол.

2004 – Сӯҳроб Ҳамидов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 33 гол.

2005 – Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 12 гол.

2006 – Фозил Сатторов («Тоҷиктелеком», Қӯрғонтеппа) – 20 гол.

2007 – Суҳроб Ҳамидов («Хима», Душанбе) – 21 гол.

2008 – Нуъмон Ҳакимов («Парвоз», Бобоҷон Ғафуров) – 30 гол.

2009 – Нуъмон Ҳакимов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 15 гол.

2010 – Юсуф Рабиев («Истиқлол», Душанбе) – 30 гол.

2011 – Юсуф Рабиев («Истиқлол», Душанбе) – 32 гол.

2012 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 24 гол.

2013 – Ҳусейни Суҳробӣ («Истиқлол», Душанбе) – 11 гол.

2014 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 15 гол.

2015 – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол», Душанбе) – 22 гол.

2016 – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол», Душанбе) – 22 гол.

2017 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 16 гол.

2018 – Шериддин Бобоев («Истиқлол», Душанбе) – 12 гол.

2019 – Шериддин Бобоев («Истиқлол», Душанбе) – 16 гол.

2020 – Илҳом Баротов («Истаравшан», Истаравшан) – 18 гол.

2021 – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол», Душанбе) – 18 гол.

2022 – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол», Душанбе) – 16 гол.

Акс: ФФТ

Ноябрь 29, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд