ФУТЗАЛ. Аз рӯи натиҷаи ду бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия ҳисоби мусовӣ ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе 8 ноябр бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия оид ба футзал баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Футзалбозони рус аллакай дар дақиқаи чорум аввалин шуда, ба дарвозаашон гол сар доданд, вале баъдан тавонистанд 5 голи беҷавоб зада, дар қисми дуюми бозӣ бо ҳисоби 5:1 пешсаф шаванд. Пеш аз анҷоми бозӣ ба дастаҳо муяссар шуд, ки якголӣ зананад. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 6:2 ба фоидаи дастаи Россия анҷом ёфт.
Қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона бар тими Россия бо ҳисоби калони 10:7 пирӯз шуда буд.
Аз рӯи натиҷаи ду бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия мусовӣ ба қайд гирифта шуд
Бояд гуфт, ки ба бозиҳо садҳо нафар мухлисон омада буданд. Дар толор на танҳо ҷонибдорони дастаи Тоҷикистон, балки мухлисонро бо парчамҳои Россия низ дидан мумкин буд.
Дар ин бозӣ доварони ФИФА Анатолий Рубаков ва Никита Афиногенов ҳакамӣ карданд. Доварони эҳтиётӣ намояндагони Тоҷикистон — Сӯҳроб Сатторов ва Беҳрӯз Муртазоев буданд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






