ФУТЗАЛ. «Истиқлол» ва «Соро Компания» барои Суперлигаи Тоҷикистон рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар» «Ховар»/. Пагоҳ, соати 18:00 дастаҳои футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Соро Компания»-и шаҳри Душанбе бозии сеюми худро дар доираи рақобатҳои даври ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал баргузор мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозии дастаҳои футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Соро Компания»-и шаҳри Душанбе дар Маҷмааи варзишии Кохи олимпии пойтахт доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки силсилабозиҳои марҳилаи ниҳоии Суперлига се пирӯзиро дар бар мегиранд. Дар айни замон дар силсилабозиҳо дастаи футзали «Соро Компания»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2 бар 0 пешсаф мебошад. Дар сурати муваффақияти навбатӣ дастаи «Соро Компания» маротибаи чорум Чемпиони Тоҷикистон мешавад. Дар ду бозии гузаштаи марҳилаи ниҳоии Суперлига шогирдони Пайрав Воҳидов ин ҳарифи пурқуввати хешро бо ҳисобҳои 3:2 ва 5:4 мағлуб намуда буданд.
Акс: ФФТ








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






