Имрӯз Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони Душанбе оғоз меёбад

Ноябрь 2, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» Фестивали III дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе ифтитоҳ меёбад. Фестивал аз рӯи 7 намуди варзиш: гӯштини миллӣ, шоҳмот, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, футбол, баскетбол, волейбол баргузор шуда, то 13 ноябр идома меёбад. Маросими ҷамъбасти он 14 ноябри соли 2022 дар назар дошта шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, Фестивали мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидҷалол Саидов хабар дод, ки Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт дар 2 марҳила- миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Марҳилаи якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ доир шуда, дар марҳилаи дуюм ғолибони даври аввал иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузор намудани фестивали мазкур, пеш аз ҳама, самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, хусусан майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва наврасону ҷавонони маҳал, хонандагону донишҷӯён ва афсарону сарбозон ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим мебошад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд