ИМРӮЗ—РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон аъзои худро бо ҷойи кор таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1984 Созмони умумиҷаҳони тандурустӣ 13 ноябрро Рӯзи байналмилалии нобиноён эълон кардааст. Тибқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии нобиноён, ҳудуди 253 миллион нафар дар ҷаҳон мушкилоти биноӣ доранд. Аз ин теъдод 65 фоизашон афроди аз 40- сола боло ва 35 фоизи дигар кӯдакон мебошанд. Ин сана бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи одамон ба онҳое, ки биноии худро комилан аз даст дода, бо вазъи душвори зиндагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, қабул шудааст.
Директори Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон Жантемир Нормуродов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «дар ҷамъияти мо 8 300 нафар нобиноён ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин ҷамъият аз 12 филиал иборат аст, ки дар вилояти Хатлон 4 адад, дар вилояти Суғд- 4, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе 3-ададӣ ва дар ВМКБ 1 адад фаъолият мекунанд.
Аз ҷониби филиалҳои Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон барои нобиноён маҳфилҳои махсуси таълимии инкишофдиҳанда, аз ҷумла шоҳмоту шашка, буриш ва дӯзандагӣ, ҳунарҳои гуногун, таҳия ва таъмири пойафзол, инчунин синфи мусиқӣ ва омӯзиши компютер ташкил шудаанд.
Ба гуфти Жантемир Нормуродов, барои нобиноёни ғайри қобили меҳнат 12 корхонаи махсус фаъолият мекунанд, ки аз ҷониби ҷамъият қариб 300 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.
Тавре дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Тоҷикистон 4 мактаб-интернат барои кӯдакони нобино ва биноиашон заиф фаъолият мекунанд, ки бо адабиёти махсус таъмин шудаанд.
Тибқи қонунгузорӣ, ба шахсони дорои маъюбии гурӯҳи муайян, ки ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил мешаванд, имтиёзҳо дода мешаванд. Аз ҷумла, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 метавонанд аз рӯи ихтисосҳои интихобнамудаашон таълим гиранд ва дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар бораи маъюбӣ ба натиҷаҳои имтиҳонҳояшон 150 хол илова карда мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»






