ИМРӮЗ-РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Президенти Тоҷикистон хизмати кормандони ин ниҳодро содиқона ва ҷавонмардона номиданд

Ноябрь 10, 2022 10:44

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсия таҷлил карда мешавад. Ба муносибати ин сана имрӯз, соати 17.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳамоиш ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар робита ба иди касбии кормандони милитсияи мамлакат 9 ноябр  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3505-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат, аз ҷумла чунин иброз доштанд:

«Кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ то имрӯз якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонунвайронкуниҳо содиқона ва ҷавонмардона хизмат карда истодаанд».

Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъулияти басо душвор – ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ҳифзи молу мулк, таъмини оромиву осоиш ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткорро ба уҳда дошта, масъулияти худро бо сари баланд иҷро карданд.

Президенти Тоҷикистон аз таҷрибаи зиёди касбӣ пайдо кардани кормандони ин ниҳод бар зидди неруҳои ҷиноятпеша ёдовар шуда, гуфтанд, ки «тайи солҳои сипаришуда ҳайати шахсии милитсияи тоҷик дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористону ифротгароён, қочоқчиёни маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ малака андӯхт.

Таъкид менамоям, ки терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳо, бахусус, солҳои охир барои аҳли башар, аз ҷумла минтақаи мо ба таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфтаанд».

Пешвои миллат  аз дигар хатари ҷиддӣ, ки метавонад оромиву суботи ҷомеаи моро халалдор созад, яъне шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бо изҳори нигаронӣ иброз доштанд, ки «ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои зикршуда ва кӯшишҳои халалдор сохтани вазъи муътадили ҷомеа ҳамеша ҳушёру омода бошанд ва дар ин раванд ба масъалаи баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳанд».

Имрӯз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ, аз ҷумла дар самти ҷалби ҷавонон аз имконияту воситаҳои технологии пешрафта васеъ истифода мебаранд, ки ин масъала низ бояд дар маркази таваҷҷуҳ ва чораҷӯии роҳбарону масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта бошад.

Ҳамзамон Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки «ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқату вафодории хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ, аз ҷумла қӯшунҳои дохилӣ ба давлату миллат ва сарзамини муқаддасамон итминони комил дорам».

Мавриди зикр аст, ки бо гузашти солҳо шароити хизматрасонӣ ва савияи донишу малакаи касбии кормандони милитсия афзуда, фаъолияти ин ниҳод густурда ва мавқею мақоми он дар ҷамъият торафт боло меравад.

Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни қӯшунҳои дохилӣ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, ҳангоми иҷрои вазифа зиёда аз 2000 нафари онҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи фаъолият, баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 9 ноябр бахшида ба ҷашни милитсияи тоҷик бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ҷараёни ҳамоиши тантанавӣ як зумра кормандонро барои хизматҳои софдилонаю содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ, натиҷаҳои баланди хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия бо рутбаҳои навбатӣ ва медалу ифтихорномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонид.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2022 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ зиёд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуд
Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Аз 26 то 29 июл дар баъзе кӯчаҳо ва хиёбони Рӯдакии пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон беш аз 107 ҳазор килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомадӣ таълимӣ-методӣ доир гардид
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар вилояти Суғд кӯшиши интиқоли 70 кг маводи нашъадор пешгирӣ гардид
Дар Озмуни байналмилалии нозирони навраси ҳаракат 7 даста аз давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Вобаста ба малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд