Муносиботи Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи тандурустӣ тавсеа меёбанд
ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия дар доираи чорабинии сатҳи баланд ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия доир ба амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ тавассути маблағгузорӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода якҷо бо ҳайати Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири саломатии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.
Зимни мулоқот Р. Насриддинзода иброз намуд, ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди он корҳои бузург ба сомон расонида шудаанд.
Тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баёнгари гуфтаҳои боло мебошад.
Зимни ҳамоиш таҷрибаи пешқадами Туркия дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаррифӣ карда шуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни ҳамоиш баргузории мулоқоти дуҷонибаи ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Туркия дар назар аст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






