«ОРМОНИ МИЛЛАТ: РОҒУН БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ». Дар Душанбе китоби нав муаррифӣ гардид

Ноябрь 10, 2022 17:25

ДУШАНБЕ, 10.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Ормони миллат: Роғун бузургтарин сарбанди асри нав» (Феҳристи адабиёт) — таҳти чунин унвон ба ифтихори 30- солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав ба нашр расид, ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Феҳристи мазкур ҷадидтарин асари библиографиест, ки дар он маводи гуногун, аз ҷумла, номгӯи китобу мақолаҳо аз саҳифаҳои матбуоти дохилӣ ва хориҷии кишвар доир ба НБО «Роғун» мураттаб гардидаанд.

Феҳристи мазкур аз 8 қисм иборат буда, 1644 номгӯй маводи чопӣ ва электронии ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, узбекӣ, украинӣ, эстонӣ, молдавӣ, латишӣ, қирғизӣ интишорёфтаро фаро гирифтааст.

Зимни рӯнамоии асар мушовири бахши Ёрдамчии Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Пайшанбезода иброз дошт, ки  сохтмони иншооти НБО «Роғун» муҳимтарин рӯйдоди таърихии миллати тоҷик буда, омӯзиши он, ки порае аз фаъолияти пурбаракати Пешвои муаззами миллат аст, аҳамияти бештар касб мекунад.

Ба зикри Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, феҳристи мазкур бори нахуст дар асоси захираҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дарназардошти ворид шудани нусхаҳои ҳатмӣ, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб -Хонаи китоби Тоҷикистон ва сомонаҳои интернетӣ таҳия шуда, маводи чопию электронии солҳои 1968-2020 нашршударо фаро мегирад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2022 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст