Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас мулоқот намуданд

Ноябрь 8, 2022 17:39

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи шарикии миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ва нақши муассири ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои рушди соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо хусусан кӯмакҳои ба кишвар дар давраи пандемияи коронавирус ва рафъи пайомадҳои он изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории рушди инфрасохтор, аз байн бурдани маҳдудиятҳои содиротиву воридотӣ ва транзити молу маҳсулот, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Бонки ҷаҳонӣ барои анҷом додани сафар ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
Мулоқот бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас 08.11.2022

Ноябрь 8, 2022 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд