Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии «Ваҳдат» сардхонаи навро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, сардхонаи наву замонавиро, ки бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд карда шудааст, мавриди баҳрбардорӣ қарор доданд.
Дар сардхонаи нав коргарони Боғи миллии «Ваҳдат» бо мақсади таъмини бозори дохилӣ дар фаслҳои зимистону баҳор бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ сабзӣ, картошка, лаблабуи сурх, анор, ангур, хурмо, олу ва себ захира намудаанд.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, васлу насб карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми боғдорон баҳри бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияту иқтидорҳои мавҷуда ҳаҷми захираи маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли равон оғоз гардида, барои бунёд ва муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.
Сардхона дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ин иқдом имкон медиҳад, ки дар ҳама фаслҳои сол бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин шавад. Дар ин баробар, маҳсули дастранҷи деҳқонон дар сардхона захира гардида, дар ҳолати афзоиши талабот, ба дигар кишварҳо низ содирот карда мешавад.
Дар оянда иқтидори сардхонаҳои Боғи миллии «Ваҳдат» ба 4 ҳазор тонна расонида шуда, бунёди коргоҳҳои замонавии коркарди меваву истеҳсоли консерва низ дар назар аст.
Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






