Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестиро ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 2, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар масоҳати як гектар дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Панҷсолаи рушди саноат бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин аввалин корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли қубурҳои асбестӣ машғул мешавад. Фаъолияти корхонаи мазкур дар 2 баст ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Санги асос барои бунёди корхона моҳи марти соли 2021 аз ҷониби  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд ва он дар муддати якуним сол бо сифати баланд сохта шуд.

Дар корхона ду хати муосири технологӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардида, дар он пайвандак ва қубурҳои қутрашон аз 90 то 300 мм бо дарозии 4 метр истеҳсол карда мешаванд.

Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 500 то 800 дона қубури асбестӣ истеҳсол намояд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 260 ҳазор дона қубур буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст. Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Барои истеҳсоли қубурҳои асбестӣ сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода мегардад. 95 фоизи ашёи хом аз Тоҷикистон буда, ҳиссаи ками он- ҳамагӣ 5 фоиз аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.

Ба таъкиди мутахассисони соҳа, қубурҳои асбестии истеҳсолшуда ба гармию сардӣ тобовар буда, истифодаи тӯлонии он кафолат дода мешавад.

Роҳбарияти корхона дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, бо таъмини бозорҳои дохилӣ дар оянда нақша доранд, ки содироти қубурҳои асбестиро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез ва дигар шароити зарурӣ фароҳам мебошад.

Саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи 4-уми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва дар ин замина таъмин намудани сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор аз мавзӯъҳои асосии суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, коргарону мутахассисони корхонаи навбунёд буд. Таъкид гардид, ки бо татбиқи ин ҳадафи стратегӣ кишвари мо ба рушду пешрафти иқтисодии бештар расида, барои сокинон зиндагии шоиста фароҳам хоҳад шуд.

Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар шифер” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боз як корхонаи дигари ин ҷамъият санги асос гузоштанд.

Бо бунёди корхонаи нави ҶДММ “Бохтар шифер” дар оянда боз 20 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, шумораи коргарони ин ҷамъият ба 90 нафар расонида мешавад.

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бохтар 02.11.2022

Ноябрь 2, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд