Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт: «Ин мусовӣ барои мо ба пирӯзӣ баробар аст»

Ноябрь 18, 2022 15:32

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар» «Ховар»/. Шаби 17 ноябр пас аз анҷоми рақобати дӯстонаи байналмилалии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Россия (0:0) нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишасти хабарӣ сармураббиёни дастаҳои мунтахаб — Валерий Карпин ва Петр Сегрт ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфтанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

«Ин бозӣ баробар набуд ва натиҷа шояд одилона буд. Агар дар бораи сифати футбол сухан ронем, нимаи аввал ба ман писанд омад. Дар қисми дуюм назорати тӯб аз ҷониби мо камтар буд. Бозӣ бе нимҳимоят мушкил оғоз шуд, махсусан 20 дақиқаи аввал. Бозингарони мо бо дастаи мунтахаби Қирғизистон 10 маротиба бадтар бозӣ карданд, вале ғалаба карданд, ки ин хуб буд. Мо имрӯз пирӯз нашудем, яъне ҳамааш бад аст. Агар бозии дӯстонаи дигарро дастаҳо дар Россия доир кунанд, хеле хуб мешавад», – гуфт сармураббии дастаи мунтахаби Россия Валерий Карпин.Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт иброз дошт, ки «имрӯз аз ҳама муҳим ба дастаи мунтахаби Россия нишон додан буд, ки мо метавонем бо онҳо дар як сатҳ рақобат кунем. Бо эҳтиром ба ҳамаи бозингарони дастаи мунтахаби Россия ва Валерий Карпин, ин мусовӣ барои мо ба пирӯзӣ баробар аст. Воқеан ҳам мо имрӯз бори дигар нишон додем, ки мо зина ба зина ба пеш ҳаракат дорем ва анҷоми бозӣ бо дастаи мунтахаби Россия барои сайқал додани маҳорати инфиродии футболбозони мо ва ҷиҳати омодаги ба Чемпионати Осиё-2023 нақши арзанда дорад».Қаблан дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи тимҳои миллӣ ҳеҷ гоҳ вонахӯрда буданд.

Ёдовар мешавем, ки дар рейтинги ФИФА дастаи мунтахаби Россия дар зинаи 33-юм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мавқеи 108-ум ҷой гирифтаанд.

Акс: ФФТ

Ноябрь 18, 2022 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад