Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии «Ситора» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳритус боздид намуданд

Ноябрь 1, 2022 11:05

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Ситора” шинос шуда, аз намоиши дастовардҳои меҳнаткашон боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Ситора” дар ихтиёри худ 5,45 гектар замин дорад, ки аз он 5,30 гектарашро замини корами обӣ ва 0,50 гектарашро боғ ташкил медиҳад.

Дар заминҳои хоҷагӣ деҳқонон дар кишти асосӣ гандум, ҷуворимаккаи дон, картошка, пиёз, карам ва қаланфури булғорӣ ва дар кишти такрорӣ бошад, чормағзи заминӣ, сабзӣ, қулфинай, шалғам, ҷуворимаккаи дон, картошка ва пиёз мекоранд.

Зимни ташриф ба хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва кишти такрории зироати кишоварзӣ шинос шуда, бо деҳқонон суҳбати самимӣ доир намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи деҳқонони хоҷагиро асосан ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду се ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока ва таъмини бозорҳои кишвар бо маводи ниёзи аввали босифат ҷалб карданд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии меҳнаткашони ноҳияи Шаҳритус ва фестивал озмуни- анор боздид намуданд. Дар ин намоишгоҳ кишоварзон номгӯи зиëди маҳлулоти истеҳсолнамударо ба тамошо гузоштанд. Обу ҳавои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои парвариши ҳамагуна маҳсулоти кишоварзӣ ва меваю сабзавот бахусус анор мусоид аст ва бо истифода аз ин имконият сокинон хоҷагиҳои анорпарварӣ ташкил намуда, ҳаҷми истеҳсоли ин навъ маҳсулоти серталабро бештар менамоянд. Дар фестивал-озмуни анор боғдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар гӯшаҳои алоҳида беш аз 15 намуд анори аз боғҳои фаровонҳосил ҷамъовардаашонро пешниҳод карданд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар вилояти Хатлон то сол майдони анорбоғ зиёд гардида, кишоварзон ҳамасола истеҳсолро низ афзоиш медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом дода, мусъулонро муваззаф намуданд, ки барои боз ҳам васеъ намудани масоҳати анорбоғ, бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли он ва ҳамчунин содироти анор ба хориҷи мамлакат ба кишоварзон шароит фароҳам оваранд. Мавриди зикр аст, ки Хатлон яке аз калонтарин вилояти кишоварзӣ дар мамлакат ба шумор рафта, ҳамасола кишоварзон дар натиҷаи самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам ва бо гирифтани то се ҳосил дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд.

Боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Ситора” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳритус 01.11.2022

Ноябрь 1, 2022 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик