Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич боздид карданд

Ноябрь 14, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзии ноҳия боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки шуғли асосии сокинони ноҳияи Деваштич кишоварзӣ буда, дар ноҳия 36 ҳазору 556 гектар замини корам мавҷуд аст. Аз ин 12 ҳазору 448 гектараш заминҳои обӣ буда, дар ин минтақа соҳаи картошкапарварӣ рушд меёбад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли картошка ҳам аз ҳисоби зиёд намудани майдони кишт ва ҳам аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ зиёд карда мешавад. Соли равон дар ноҳияи Деваштич дар майдони 6 ҳазору 494 гектар картошка кишт карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 333 гектар зиёд аст. Ҳосилнокии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз 350 то 400 сентнериро ташкил дода, картошкапарварони алоҳида ва бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ 650-700 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.

Натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон буд, ки соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ дар маҷмӯъ 168 ҳазору 576 тонна картошка истеҳсол намуданд. Картошкаи истеҳсолгардида қисман барои тухмӣ ва қисман барои фурӯш дар давраҳои минбаъда захира карда шудааст.

Яке аз роҳҳои афзун карда шудани ҳаҷми истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани сифати он истифодаи тухмиҳои серҳосилу ба минтақа мутобиқи навъҳои селексияи ватанӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид бояд кард, ки хоҷагидорони ноҳия Деваштич дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо картошкаи ғизоӣ дар истеҳсолу таъмини хоҷагиҳои кишвар бо картошкаи тухмӣ нақшу саҳми асосӣ доранд. Хоҷагидорон ва аҳолии ноҳия Деваштич имкон доранд аз ҳисоби ҳосили имсола ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 25 ҳазор тоннаи картошкаи тухмӣ пешниҳод намоянд.

Соли равон кишоварзони ноҳияи Деваштич 35 ҳазору 260 тонна сабзавот, 10 ҳазору 225 тонна маҳсулоти полезӣ, қариб 9 ҳазор тонна мева ва беш аз 1 ҳазору 100 тонна ангур истеҳсол намуданд, ки  ба ғанӣ намудани бозори дохилӣ ва таъмини сокинон бо маҳсулоти тару тоза мусоидат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти хоҷагидорони ноҳияи Деваштич баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бояд аҳолии ноҳия таҷрибаи истифодаи самараноку оқилонаи заминро боз ҳам баланд бардошта, ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар, содироти маҳсулоти кишоварзӣ саҳми боз ҳам бештар гузоранд.
Боздид аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич 14.11.2022

Ноябрь 14, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд