Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 14, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаи хати оби нӯшокӣ барои 9 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа 1910 хонавода дар 6 маҳаллаи деҳоти Ғазантарак бо оби ошомидании тоза таъмин гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзии “ИФАД” бо харҷи 2 миллиону 860 ҳазор сомонӣ дар муддати як сол амалӣ гардидааст.

Солҳои пеш дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ яке аз мушкилоти сокинони деҳоти Ғазантарак ба ҳисоб мерафт. Бо кофтани ду чоҳи амудӣ ва хобонидани қубурҳои қутрашон аз 50 то 160 миллиметр ба дарозии 18 километр оби нӯшокӣ ба аҳолӣ дастрас карда шуд. Ин иқдоми неки Ҳукумати мамлакат мояи хушнудӣ ва сарфарозии сокинон гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки татбиқи лоиҳа дар деҳа аз тадбирҳои амалии Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокии тоза буда, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва солимии аҳолӣ маҳсуб мешавад.

Дар назар аст, ки оянда дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич боз хати нави таъминоти оби нӯшокӣ ба истифода дода шуда, сокинони минтақаҳои дигари ин деҳот бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд.

Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани инфрасохтори деҳот, дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокии тоза, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, хариди техникаҳои кишоварзӣ ва ташкили сехҳои коркарди меваву сабзавот мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур сохтани 38 адад чоҳи амудӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 22 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич 22 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Масоҳати заминҳои кишоварзии деҳот 11 ҳазору 200 гектар буда, бо истифода аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат заминҳо оқилонаву самаранок истифода шуда, сатҳу зиндагии аҳолӣ сол аз сол беҳтар мегардад.
Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Деваштич 14.11.2022

Ноябрь 14, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд