Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ ҶТ-ро ба истифода супориданд

Ноябрь 1, 2022 14:39

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Консол”-и шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 35 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва тарҳи муосир анҷом ёфтанд.

Бинои навбунёди маъмурии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз 5 ошёна иборат аст.

Иншоот бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии дар иншоот анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро ба хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Атрофи иншоот дар идомаи тадбирҳои созандагӣ чароғон карда шуда, роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш гардидаанд.

Аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомот 6 адад техникаи ҳарбикунонидашуда туҳфа гардид.

Ифтитоҳи бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ 01.11.2022

Ноябрь 1, 2022 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик