Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиён бинои Шуъбаи маорифро ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 1, 2022 08:46

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён бинои шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар он 12 ҳуҷраи корӣ, китобхона, меҳмонхона бо се ҳуҷра ва маҷлисгоҳ бо 90 ҷойи нишаст мавҷуданд.

Корҳои сохтмонии бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён соли 2019 дар майдони 70 садяк оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Дар шуъбаи маорифи ноҳия 28 нафар, аз ҷумла 8 зан фаъолият менамоянд.

Зимни шиносоӣ бо шароити кор дар иншооти нав Сарвари давлат маорифчиёни ноҳияро ҷиҳати истифодаи самараноки имконияти фароҳамшуда, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расонидани насли наврас вазифадор намуданд.

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён 01.11.2022

Ноябрь 1, 2022 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон