Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО доир гардид

Ноябрь 22, 2022 17:14

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа роҳбарону намояндагони идораҳои сайёҳии Озарбойҷон, Бангладеш, Чин, Эрон, Ироқ, Исроил, Урдун, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия,  ва Котиботи МҲТБО иштирок доштанд.

Роҳбарони ҳайатҳо аҳамияти рушди ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ байни кишварҳои узви МҲТБО дар шароити пас аз пандемияи COVID-19 ва таҳкими амалҳои муштаракро оид ба барқарорсозӣ ва фаъолгардонии минбаъдаи табодули сайёҳӣ миёни кишварҳои узви МҲТБО муҳим арёзбӣ намуданд.

Ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳо вазъияти ҳозираи соҳаи сайёҳии миллӣ ва тадбирҳоеро, ки барои мустаҳкам намудани иқтидори саноати сайёҳии давлатҳои аъзои МҲТБО андешида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ба соҳаи сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО дар рафъи оқибатҳои пандемияи COVID-19 кумак ва дастгирии мутақобила расонанд.

Ҷонибҳо имконоти ташкили хатсайрҳои нави муштараки сайёҳиро бо дарназардошти бехатарии сайёҳон, аз ҷумла ҳангоми рафту омади онҳо миёни давлатҳои аъзои МҲТБО ба мақсад мувофиқ хонданд. Сарони ҳайатҳо самаранокии тадбирҳои аз ҷониби кишварҳои узви МҲТБО андешидашударо оид ба сирояти коронавируси COVID-19 дар бахши сайёҳӣ қонеъкунанда ҳисобида, ҳамчунин сана ва макони баргузории вохӯрии навбатии роҳбарони идораҳои сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО-ро ба воситаи котиботи он мувофиқа намуданд.

Дар фарҷом роҳбарони ҳайатҳои бахши сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО Протоколи ҷаласаро тасдиқ намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2022 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд