ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! Дар Минск омодагӣ ба Бозиҳои II давлатҳои ИДМ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои II давлатҳои ИДМ, ки моҳи августи соли оянда дар Беларус баргузор мешаванд, ҳамбастагӣ ва меҳвари ҳамкории башардӯстонаро нишон медиҳанд, гуфт сарвазир Роман Головченко. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора «Российская газета» хабар додааст.
Сарвазир омодагӣ ба ин ҳамоиши бузурги варзиширо, ки тасмим дар бораи баргузории он соли гузашта ба тасвиб расида буд, рӯзи ҷумъа, 28 октябр дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ дар Остона шарҳ дода, зикр кард, ки пешниҳод шудааст Бозиҳо аз рӯи 21 намуди варзиш дар ҳамаи вилоятҳои ҷумҳурӣ кушода шаванд. “Мо дар баргузории мусобиқоти байналмилалии варзишӣ дар сатҳи олӣ таҷриба дорем, аз ин рӯ ҳамаашро ба таври сазовор мегузаронем”,- зикр кард Роман Головченко, ки суханони ӯро агентии иттилоотии “БелТА” иқтибос овардааст.
Ҳамзамон сарвазир ба иштирокдорони ҷаласа муроҷиат карда, дархост кард, ки барои фиристодани на танҳо дастаҳои миллӣ ба Бозиҳо, балки гурӯҳҳои мувофиқи мухлисон низ мусоидат кунанд. Вай изҳори боварӣ кард, ки “иштироки ҳайатҳои давлатҳои узви Иттиҳод ва дӯстдорони варзиш ҳамбастагии давлатҳоро нишон дода, дар рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, омода кардани захираи варзишӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт».

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, нахустин мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз 4 то 11 сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазон баргузор шуданд. Сипас дар ин бозиҳо 1139 варзишгари аз 14 то 23-сола аз 9 давлати узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат карданд. Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқот 14 медал: ҳафт нуқра ва ҳафт биринҷӣ ба даст овард. Дар ҳисоби умумидаставӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 7-ум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки ғояи баргузории Бозиҳои давлатҳои ИДМ аз ҷониби Федератсияи Россия пешниҳод шуда буд. Ин пешниҳод дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28 сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт.
АКС аз бойгонӣ








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






