«ТОҶИКИЯТ», «РУСИЯТ» Ё «ОЛМОНИЯТ». Тафовут ва иртибот миёни ин вожаҳо дар чист ва чӣ тавр метавон миллати шахсро муайян кард?

Ноябрь 13, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар миллат ва давлат махсусияти зеҳнӣ, хислат, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои ба худ хос дорад, ки фарқи моро аз якдигар нишон медиҳад. Аммо ҳамаи одамонро меъёрҳои умумӣ, аз қабили эҳтиром ба калонсолон, меҳру муҳаббат нисбат ба оила ва фарзандон ба ҳам монанд ва муттаҳид менамоянд. Вожаҳои тез-тез истифодашавандаи «русият», «тоҷикият», «олмоният» ва амсоли ин вожаҳо тақрибан як маъно доранд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ бар пояи пажӯҳишҳои мавҷуда марбут ба ин масъала талош варзида, кӯшиш намудааст мафҳуми «тоҷикизм» ва моҳияти онро шарҳ диҳад.

Ҳамаи ин суханон одамони муайянро ба ҳам муттаҳид мекунанд. Мо аниқ намудем, ки ҳанӯз дусад сол пеш И.Фихте дар бораи «олмоният»-и халқи худ навишта буд. Ба андешаи файласуфони рус, масъалаи «русият» аз ҷиҳати муҳимият фарҳангӣ-равонӣ мебошад. Ҳар кас метавонад худро чун рус «ба қайд гирад», аммо танҳо онҳое тафаккури рус ё дилхоҳ фарҳанги дигарро дар худ таҷассум карда метавонанд, ки дар ин фарҳанг ташаккул ёфта, бо мурури замон алоқамандиашонро ба он гум накардаанд, балки баръакс, фарҳанги миллӣ, динӣ, дунявии худро васеъ кардаанд, яъне онро ба баланд шудани маданият ва ҳисси миллиашон мухолиф нагузошта, намояндаи асили ин миллат шуморида мешаванд.

Мафҳуми «тоҷик», «тоҷикият», «хештаншиносӣ», «худшиносии миллӣ», ки вақтҳои охир дар матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ тез-тез вомехӯранд, бо ҳам ҳамрадиф буда, барои муайян сохтани миллияти ҳар халқ муҳим мебошанд.

Бино ба андешаи профессор, масъалаи муайянсозии миллияти ин ё он халқ, аз ҷумла мушаххас сохтани муҳтаво ва моҳияти «тоҷикият», ки мавриди баҳси ҷомеашиносон қарор дорад, мушкилии хеле нозук ва аз ҷониби дигар, хеле мураккаб буда, баррасии амиқу дақиқ ва хеле тӯлониро тақозо мекунад.

«Бояд таъкид намуд, ки дар илм оид ба миллияти ин ё он халқ, асосан дар бораи «олмоният» (deutschtum) ва «русият» (русскость) сухан гуфтаанд, агарчи мафҳумҳои дигаре низ чун «даниягият», «фаронсавият» ва амсоли инҳо мавриди истифода қарор доранд. Ббарои муайян сохтани миллияти ҳар халқу миллат чунин унсурҳо муҳим ба ҳисоб мераванд: фарҳанги ба худ хосу беназир ва ҳифзи он, рӯҳия ё ҳолати рӯҳӣ, равоншиносӣ, ҳувият, тарзи ҳаёт, хислат, муҳаббати самимӣ ба Ватан ва фарҳангу равоншиносии миллӣ ва амсоли он. Ба ин унсурҳо, агар аз нигоҳи фарҳанги миллии тоҷик назар андозем, бояд асли баромад ё решаҳои табиии хунии ҳар шахс низ илова карда шавад, зеро маъмулан мо шахсро ба миллати худ танҳо дар он ҳолат мансуб медонем, ки ҳадди ақал волидони ӯ (ё бобою модаркалон ва аҷдодони дигар) асли тоҷикӣ дошта бошанд.

Муаллиф таъкид менамояд, ки «тоҷикият» ба ҳар як шахсе дахл дошта метавонад, ки худро сидқан, самимона, аз таҳти дил, на муғризона ё барои дастёбӣ ба ягон ҳадафу манфиати нопоке мутааллиқ ба фарҳанги миллати тоҷик медонад.

«Мутааллиқ будан ба фарҳанги тоҷик ё худи «тоҷикият»-ро метавон бо унсурҳои гуногуну хеле зиёд шарҳ дод, вале баъзе муҳимтарини онҳо, аз нуқтаи назари мо, чунинанд: такя ба чунин хосиятҳои анъанавию иҷтимоию ахлоқӣ, ки дар онҳо нармӣ, дақиқназарӣ ва напазируфтани бадию зӯроварӣ бо сабаби аз замони қадим пайравӣ доштан ба пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек дар мадди аввал меистанд; арҷгузорӣ ба оила ва муносибатҳои оилавӣ, эҳтиром ба падару модар ва дигар пайвандону наздикон, ба калонсолон; арҷгузорӣ ба донишу маърифат, эҳтироми олимон, адибон ва амсоли он, муҳаббат ба диёр, Ватан, пойбандӣ ба анъанаҳо, урфу одат ва ғайра»,-зикр намудааст профессор.

Тавре муаллиф навиштааст, дар ин унсурҳои «тоҷикият» ҳам ҷанбаҳои қавӣ ва ҳам заифи миллати мо инъикос гардидаанд. Аз ин рӯ, барои рушди «тоҷикият»-и худ мо бояд ба ҳифзи фарҳанги ба худ хосу беназир, ҳолати рӯҳию равонӣ, ҳувият, тарзи ҳаёт, хислат, муҳаббати самимӣ ба Ватан таваҷҷуҳи хосса дошта бошем.

«Ҳамин тариқ, такя ба арзишҳои миллӣ бояд дар мадди аввали таваҷҷуҳи мо қарор дошта бошад. Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки «тоҷикият» дар фарҳангу рӯҳияи тоҷикӣ ба воя расиданро фаро гирифта, маънии онро дорад, ки бо бузург гаштан дар синн шахс аз онҳо канда намешавад ва ё бо баланд бардоштани сатҳи таҳсилу маърифат шахс онҳоро рад намекунад, зеро ӯ ин фарҳангу рӯҳияро ба мерос гирифта, ҳаргиз ба он муқобил намебарояд»,-хулоса кардааст доктори илмҳои фалсафа Хуршед Зиёӣ.

АКС аз манъбаҳои боз

 

Ноябрь 13, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид