Трамп иштирокашро дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2024 эълон намуд

Ноябрь 17, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ Президенти ИМА Доналд Трамп расман барои пешбарӣ ба мақоми президентӣ дар соли 2024 дархост дод. Маълумоти дахлдор дар сомонаи Комиссияи федеролии интихоботии ИМА нашр шудааст.

Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳон пешбарӣ мегардад. «Имрӯз ман номзадии худро ба мақоми президенти Иёлоти Муттаҳида пешбарӣ менамоям»,-гуфт ӯ рӯзи сешанбе, 15 ноябр зимни суханронии махсус дар иёлати Флорида ба тарафдоронаш.

Трамп илова намуд, ки ин тасмимро ба хотире гирифтааст, ки «Амрикоро аз нав бузург ва барҷаста» намояд. «Ман аз шумо раъйҳоятон, дастгириятон ва дуоҳоятонро мехоҳам. Ин боварнокарданӣ, вале ҳодисаи хавфнок хоҳад буд»,-афзуд ӯ.

Қаблан, 9 ноябр Президенти ИМА Ҷо Байден низ аз нақшаи мубориза барои интихоби дубора ба мақоми роҳбари давлат дар соли 2024 хабар дод, аммо огоҳ намуд, ки танҳо аввалҳои соли оянда тасмими ниҳоияшро хоҳад гирифт.

ДАР АКС: Доналд Трамп. Акс Синхуа

Ноябрь 17, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид