Вакили Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнудин Сафарзода дар ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар рӯзномаи ҷаласа «Лоиҳаи изҳороти АП СААД дар бораи номатлуб будани таҳияи силоҳи биологӣ (бактериологӣ) ва токсинӣ», инчунин дигар масоили гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни ҷаласа изҳор намуданд, ки ҳамкории комиссияҳои доимии АП СААД дар шаклҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешаванд.
Таъкид карда шуд, ки маҳз фаъолияти дастҷамъона ва мубодилаи таҷриба дар ин самт воситаи ягонаи таъмини амнияту оромӣ дар минтақа хоҳад буд.
Дар ҷаласа ҳамзамон намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.
Акс: МН МО ҶТ








Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид






