Ҳайати Саридораи геологияи Тоҷикистон дар Анҷуман ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» дар Тошканд иштирок дорад

Декабрь 13, 2022 15:44

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканд  Анҷуман ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» ба кор оғоз намуд. Тоҷикистонро дар ҳамоиш ҳайати Саридораи геологияи назди Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сардори идораи мазкур Илҳомҷон Оймуҳаммадзода намояндагӣ дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Саридораи геология Мавҷуда Анварӣ иттилоъ дод.

Ҳадафи баргузории анҷумани мазкур ба рушди саноати кӯҳии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон  Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон равона гардида, дар доираи он татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, табодули таҷрибаи амалӣ дар соҳаи сохтмон ва муосиргардонии корхонаҳои саноати кӯҳӣ, инчунин тамоюл ва самтҳои афзалиятноки омӯзиши захираҳои табиӣ баррасӣ мегардад.

Дар анҷуман иштироки роҳбарони аввали зиёда аз 200 ширкати истихроҷи маъдани ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Осиёи Марказӣ, сармоягузорони байналмилалӣ, ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти корхонаҳои истихроҷи маъдан, ҳамчунин пешниҳоди 25 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмони корхонаҳои саноати кӯҳӣ, рушд ва тақвияти азхудкунии конҳои нави захираҳои табиӣ дар назар дошта шудааст.

Сардори Саридора дар ҷаласаи пленарии анҷумани мазкур дар  мавзӯи «Қонунгузории истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва рушди комплекси кӯҳӣ-геологии Тоҷикистон маърӯза менамояд.  Анҷумани мазкур барои Саридораи геология аз ҷиҳати шиносоӣ ва табодули таҷрибаи муосир дар соҳаи геология муҳим арзёбӣ мегардад, зеро он тамоми самтҳои геология ва ҷанбаҳои тадқиқотӣ, масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи геология ва саноати кӯҳиро дар бар мегирад.

Анҷумани мазкур ду рӯз идома ёфта, дар доираи он мулоқоти дуҷонибаи намояндагони кишварҳои иштирокчӣ дар назар аст.

АКС: Саридораи геология

Декабрь 13, 2022 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд