Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавии Ҳамбастагии олимпӣ дар Риёзи Арабистони Саудӣ иштирок дорад

Декабрь 5, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ Форуми минтақавии Ҳамбастагии олимпӣ/Шӯрои олимпии Осиё барои кумитаҳои олимпии қора шурӯъ шуд, ки то 7 декабр идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар форум намояндагони кумитаҳои миллии олимпии узви Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) ширкат доранд. Аз ҷумла, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ноиби Президент Дилшод Назаров ва котиби генералӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ мекунанд.

Директори департаменти Бозиҳои варзишии Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон гуфт, форуми чоррӯза барои вакилони кумитаҳои олимпӣ заминаи комилеро фароҳам меоварад, то масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, бахусус омодагӣ ба ду бозии маҷмӯии OCA дар соли 2023: Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин аз 23 сентябр то 8 октябр ва Бозиҳои 6-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Бангкок ва музофоти Чонбурии Тайландро аз 17 то 26 ноябр баррасӣ кунанд.

«Ин фурсатест, ки мо як ба як, рӯ ба рӯ баррасӣ мекунем, то роҳи беҳтарини иштироки варзишгаронро дар Бозиҳои Осиё ва Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар соли оянда пайдо кунем”, — гуфт ӯ.

Аз номи Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ, директори иҷроия оид ба маркетинг ва равобит Абдулазиз Ал Бақус гуфт, ки форум ба кумитаҳои олимпӣ дар омодагӣ ба Париж-2024 низ кумак хоҳад кард.


Вай инчунин Осиёро барои баромади дастаҳои футболашон дар Ҷоми ҷаҳон дар Қатар табрик гуфт.

«Бори аввал дар таърих Осиё дар даври 1/8-финал се даста дорад», — гуфт ӯ.

Сипас, Ҷефф Сю – ноиби директори Департаменти равобити байналмилалии Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё – Ҳангжоу-2022 маълумоти умумиро оид ба омодагӣ пешниҳод намуд.

Вай гуфт, ки 54 майдони мусобиқот дар шаш шаҳр ва 31 тамрингоҳи мустақил мавриди истифода қарор гирифтаанд. То кунун беш аз 5 миллион нафар аз ҳама 54 макони мусобиқа ва 30 макони тамрин истифода кардаанд, ки ба Кумитаи тадорукот имкон медиҳад, ки фаъолият ва идоракунии ҳаррӯзаи иншоотро санҷад.

Дар мавзӯи пандемияи Ковид-19 ӯ таъкид кард, ки бояд сиёсати ҳукумати Чинро роҳнамоӣ кунад, аммо гуфт, ки вазъ тағйир меёбад ва маҳдудият «ба таври ҷиддӣ беҳтар мешаванд».

«Мо бо OCA кор карда истодаем, то дар моҳҳои март ва май дастурамалро барои муайян кардани расмиёт таҳия кунем. Мо ба ҳар касе, ки ба Ҳангжоу меояд, тавсия медиҳем, ки пурра эм карда шаванд. Қоидаҳои мавҷуда пешбинӣ мекунанд, одамоне, ки ба Чин меоянд, бояд панҷ рӯзро дар карантин гузаронанд”.

Ҳайдар Фармон гуфт, ки дар баробари мусобиқаи бокси Бозиҳои Осиё, ки ба унвони як мусобиқаи интихобӣ ба Париж-2024 хизмат мекунад, заврақронӣ, шиноварӣ ва тӯббозӣ дар об низ як қисми ин раванди интихобӣ хоҳанд буд.

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои 6-уми Осиё дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ (AIMAG) дар Тайланд рӯйхати муҳлатҳои асосӣ, инчунин шарҳи маконҳои баргузории мусобиқа ва манзилҳои расмии AIMAG дар Бангкок ва музофоти Чонбуриро пешниҳод кард.

AIMAG 35 намуди расмии варзиш ва ду намуди варзиши намоишӣ ва ҳамагӣ 334 чорабиниро дар бар мегирад. Бангкок дорои 13 макон хоҳад буд, ки 123 чорабинӣ дар он баргузор мешаванд ва дар 9 макони Чонбури — музофоти соҳилӣ, ки чун макони сайёҳии Паттайя машҳур аст, 211 чорабинӣ баргузор мешаванд.

Дар идомаи форум, ки то 7 декабр идома меёбад, масъалаи омодагӣ ба Бозиҳои 33-юми олимпӣ дар Париж низ муҳокима мешавад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Декабрь 5, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд