ҲАМЛА БА ПЕШРАФТ ВА ТАМАДДУН. Дар мактабе дар шимоли Афғонистон таркиш ба амал омада, 35 нафар кушта шуданд

Декабрь 1, 2022 13:32

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Самангон (шимоли Афғонистон) дар бинои мактаби динӣ таркиш ба амал омад. Тавре рӯзномаи «Hasht e Subh» гузориш медиҳад, 35 нафар кушта ва 23 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи табибон, аксари кушташудагон ва захмиён мактаббачагон мебошанд.

Ҷои ҳодиса муҳосира шудааст. Тафсилот дастрас нест.

То ҳол маълум нест, ки таркишро кӣ содир кард ва ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои тандгарои дар минтақа фаъолиятдошта масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст. Ҳаракати Толибон*, ки дар Афғонистон ҳукмрон мебошад, то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст.

Ба гузориши хабаргузории «Hasht e Subh», вақтҳои охир дар Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ бештар ва боиси нигаронии мардум мешаванд. Террористон аксаран ба мактабҳо ҳамла мекунанд. Чаро?

«Террористҳо танҳо як чизро мехоҳанд — одамонеро, ки ба онҳо маъқул нестанд, битарсонанд, то онҳоро маҷбур созанд, ба корҳои хилофи хоҳишашон машғул шаванд», — мегӯяд сиёсатмадор аз Британия Клиффорд Хеселтин.

Ба назари ӯ, ҳамла ба мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ ҳамла ба маориф, пешрафт ва тамаддун аст, ки ин ҳам яке аз ҳадафҳои маккоронаи террористон аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 1, 2022 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд