«Ҷанги ҳастаӣ: оё он қарибулвуқӯъ аст?», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2022 16:00

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии  Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳиме, ки дар мамлакат ва ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастаанд, бозтоб гардидаанд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи чоршанбе, 12 декабр №238 (24 597) таҳти сарлавҳаи «Зербунёди худшиносии миллӣ ё Иҷлосияе, ки номаи сарнавишти моро рақам зад» матолибе нашр намудааст, ки муаллиф омӯхтани дастовардҳои иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати XII) барои имрӯзиён ва ояндаи ҷомеа бисёр муҳим арзёбӣ намудааст. «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои дигари ҷаҳон истифода бурда мешавад»,-менигорад муаллиф.

Дар ин шумора хонандагон имкон доранд, ки таҳти унвонҳои «Ҷомеа. Вақте мардум зиндагии шоиста дорад», «Бӯстон. Шаҳре дар замири рушд», «Рӯзгоре барои ибрат» матолиб ва дар рубрикаи «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр» хабарҳои ҷолибро мутолиа намоянд.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи 14 декабр №153(4573) хабари сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар саҳифаи аввал нашр кардааст. Инчунин нашрия аз тасдиқи чор Созишнома дар Маҷлиси намояндагон ва иштироки вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми нуҳуми умумироссиягии сулҳ хабар додааст.

Дар рӯзнома мақолаи хабарнигор Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ бо номи  «Бабри барфӣ. Ҷазо пурзӯр шуд, шикор кам мешавад?» аз пурзӯр шудани ҷазо нисбат ба шикори бабри барфӣ нақл мекунад. Дар матлаб зикр ёфтааст, ки «бабри барфӣ нодиртарин ҳайвони сайёраи Замин ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саршумори он ба 220-250 сар расидааст ва ин нишондиҳанда аз хати сурх ҳам поён арзёбӣ мегардад. Яъне, ҳайвонҳое, ки саршуморашон то 500 адад мебошад, хатари аз байн рафтанашон пайдо мегардад»,-идомаи онро метавонед аз рӯзнома мутолиа намоед.

Дар ин шумора таҳти унвонҳои «Пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷикон», «Месазад, ки номи гулгашт ва кӯчаеро ба номи Иқбол гузорем», «Лахш- диёри муъҷизаҳо» ва дигар матолиб доир ба мавзӯъҳои рӯзмарра мунташир шудаанд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи 14 декабр №49 (395) хабару гузоришҳоро аз ҷараёни Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ба муносибати 28-умин солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон нашр кардааст. Инчунин дар ин шумора таҳти унвонҳои «Ҳизби низомофар», «Бонувон дар меҳвари барномаҳои ҳизб», «Таҷлили рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар Москва», «НБО «Роғун- мактаби бузурги мутахассисон», «Ҳизбе, ки ҳаст дар амалаш эҳтироми халқ», «Хушунати оилавӣ- номатлубтарин зуҳурот», «Ҷавонон- неруи созанда» матолиби хонданӣ ба нашр расидаанд.

Дар саҳифаи 4-и нашрия таҳти сарлавҳаи «Ҷанги ҳастаӣ: оё он қарибулвуқӯъ аст?» мухбир аз хатарҳои даҳсолаи охир- боло рафтани сатҳи об дар уқёнусҳо ва ҷанги ҳастаӣ, ки омили ҳарду худи инсон муаррифӣ мегардад, изҳори нигаронӣ намудааст. Муаллиф нигоштааст, ки «дар мавриди ҳифзи сайёраи сабз гирдиҳамоиҳо, эътирозҳо ва корпартоиҳо, ки дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба амал меоянд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки сокинони сайёра ба ин масъалаи хеле муҳими ҳаёти ояндаи инсон дар рӯи Замин таваҷҷуҳи зиёд доранд…Аммо дар ин рӯзҳо барои ҷилавгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ ва коҳиш додани ҷанги сард миёни Амрико ва Россия садои неруҳои пешгоми дунё, ашхоси баландпояи сиёсии ҷаҳон ба гӯш мерасад. Сайёра дар ду ҷанги ҷаҳонӣ беш аз сад миллион одамонро аз даст додааст. Ин ду фоҷиаи башарӣ бояд барои инсоният дарси ибрат бошанд…»,-идомаи матолибро хонандагон имкон доранд аз рӯзнома мутолиа намоянд.

«Омӯзгор»— нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 15, декабр,№50 (12379) оид ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Сабқати беҳтаринҳо» маводи ҷолибу хонданибобро аз ҷараёни ин озмун ба нашр расонидааст. Дар он фикру андешаҳои иштирокчиён ва ҳайати ҳакамон оварда шудаанд. Инчунин нашрия дар саҳифаҳои худ Луғати «Вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ»-ро пурра овардааст, ки хонандагон метавонанд онро мутолиа намоянд.

Дар саҳифаҳои рӯзнома таҳти унвонҳои «Норасоии адабиёти таълимӣ: Кӣ гунаҳгор? Вазорат ё муассисаи таълимӣ», «Заминаи омӯзиши илмҳои дақиқ», «Таъмини озодию ҳуқуқи инсон арзиши муҳими тамадуни ҷаҳонист», «Дар ҳифзи табиат бикӯшем» матолиби хонданӣ ба нашр расидаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2022 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад