Ба Академияи миллии илмҳои Қазоқистон мақоми давлатӣ баргардонида шуд

Декабрь 27, 2022 11:29

ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Академияи миллии илмҳои Қазоқистон ба ҷамъияти саҳомии ғайритиҷоратӣ (ҶСҒ) бо иштироки садфоизаи давлатӣ дар оинномаи сармоягузорӣ табдил меёбад. Дар робита ба ин аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон қарори дахлдор гардид, хабар медиҳад Kazinform бо истинод ба хадамоти матбуоти роҳбари Девони вазирон.

Самтҳои асосии фаъолияти ҶСҒ «Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон» чунин муайян карда шудаанд:

-ҳамоҳангсозии таҳия ва нашри ҳисоботи солонаи миллӣ оид ба илм;
-ҳамоҳангсозии омодагӣ ва гузарондани тадқиқоти дурнамодор оид ба инкишофи илм;

– гузаронидани озмунҳо барои дарёфти ҷоизаҳои номӣ ва стипендияҳо дар соҳаи илм;

-гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника;

– нашри маҷаллаҳои илмӣ, иштирок дар рушди ҳамкории байналмилалии илмӣ ва илмию техникӣ;

— иштирок дар оммавӣ гардонидани илм ва ғайра.

Маблағгузории фаъолияти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар доираи маблағҳои буҷетии ҷудошуда амалӣ карда мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: voxpopuli.kz

Декабрь 27, 2022 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд