Ба сарбозону афсарони шаҳри Кӯлоб аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат ба сарбозону афсарони қисми таъйиноти махсуси «Алфа», Дастаи таъйиноти махсуси милитсия ва роҳбарияти дигар мақомоти қудратии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар ҳамроҳӣ бо Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода бо сарбозону афсарон ва роҳбарияти мақомоти мазкур мулоқот намуд.
Вазири нақлиёт оид ба нуктаҳои муҳиме, ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардидаанд, аз ҷумла дар бораи ҳифзи марзу буми Ватан, садоқат ба Модар-Ватан, ифтихори миллати тамаддунофари тоҷик ва дигар масъалаҳои муҳим сухан карда, онҳоро ба хизмати софдилона ва ҳифзи марзу буми кишвар даъват намуд.
Ҳамзамон Азим Иброҳим ва Раиси шаҳри Кӯлоб собиқадорони касбу кори гуногунро аёдат намуда, ба онҳо аз номи Пешвои миллат маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






