БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода пули мошингузар ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба истифода дода шуданд

Декабрь 19, 2022 11:40

 ТУРСУНЗОДА, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода пули мошингузар ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба истифода дода шуд, хабар доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо ибтикор ва маблағгузории раиси маҳалла, соҳибкори ҷавон Бахтовар Калонов ва дастҷамъии аҳли деҳа пули мошингузар бо дарози 22 метр ва паҳноияш 2.2 метр, ки деҳаҳои Даҳбед ва Зарнисорро ба ҳам мепайвандад, сохта ба истифода дода шуд.

Пули мошингузар бо харҷи беш аз 120 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар баробари воситаҳои нақлиёт ба гаштугузори аҳолӣ, бахусус мактаббачагон хизмат мерасонад.

Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки сохтмони он дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода бо тарҳи замонавӣ ба анҷом расид, акнун ба аҳолии шаҳру минтақа ва меҳмонону мизоҷон хизмат менамояд. Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби соҳибкор Диловар Бобомуродов сохта ба истифода дода шуда, дар ин макон 15 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ 54 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 5 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 23 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст ва аксари иншоотҳои онҳо дар арафаи анҷомёбист.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 19, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд