Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод конференсия баргузор шуд

Декабрь 7, 2022 10:42

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 7 декабр таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои инкишофи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба иқтисодиёти индустриалӣ-инноватсионӣ» Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳи мазкур.

Дар конференсия муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, Директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молия Нигина Абдураҳмонзода, сардори раёсати маблағгузории сармоягузории асосии давлатии сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молия Бобохон Бобоев иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод Ҳакимбек Абдуалимзода зикр намуд, ки «дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии молияи давлатӣ вобаста ба талабот ташаккул ёфт. Яке аз падидаҳои асосии ин низом- интишори пули миллӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷети давлатӣ мебошад. Барои мо, коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бмояи ифтихор аст, ки муассиси ин таълимгоҳ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад».

Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода мавзӯи матраҳшавандаро мубрам ва барои ҳалли муаммоҳои молиявӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ кард.

«Тайи солҳои охир ва бар асари паҳншавии бемории ҳамагир дар ҷаҳони мутамаддин буҳронҳои молиявию иқтисодӣ ба амал омаданд, ки ба иқтисодиёти кулли мамлакатҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ таъсир расониданд. Маҳз баргузории ин қабил конференсияҳо ба ҳалли муаммоҳои низоми молиявӣ дар заминаи илмӣ мусоидат мекунад»,- иброз дошт Ҷ.Каримзода.

Дар конференсия Директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молия Нигина Абдураҳмонзода дар мавзӯи «Рушди бозори сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори раёсати маблағгузории сармоягузории асосии давлатии сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молия Бобохон Бобоев дар мавзӯи «Такмили муносибатҳои байнибуҷетӣ- асоси рушди инноватсионии иқтисодиёт» сухан намуданд. Зикр шуд, ки пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадилии он дар ҳамаи давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад.

Ҳамзамон аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод доир ба мавзӯъҳои «Арзёбии самаранокии механизми танзимкунандаи фаъолнокии саноати Тоҷикистон» ва «Муаммоҳои ташаккули молияи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳо шунида шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Декабрь 7, 2022 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид