Барқияи табрикии Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Декабрь 21, 2022 20:10

ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Чаба Короши ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли ифтихор мехостам Шуморо ба муносибати муваффақона қабул гардидани Қатънома зери унвони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 сурат гирифт, табрик намоям.

Итминони комил дорам, ки қабул гардидани ин Қатънома ба баррасии аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи даври гидрологӣ ва мушкилиҳои ногузир, ки обшавии босуръат ва коҳиши пиряхҳо барои муҳити зист, тандурустии инсон, рушди устувор ва пойдории таъминоти об ба вуҷуд меоваранд, мусоидат хоҳад кард.

Умедворам, ки ширкати фаъоли Шумо дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 натиҷаҳои назаррас ва пешниҳодоти амалию таҳаввулофаринро ҷиҳати пайдо намудани ҳалли устувори масъалаҳои марбут ба об дар ҳавзаи дарёҳои аз пиряхҳо ибтидогиранда ба бор хоҳад овард.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Декабрь 21, 2022 20:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд