Беҳтаринҳои соҳаи футболи вилояти Суғд дар соли 2022 соҳиби ҷоиза гардиданд

Декабрь 30, 2022 10:39

ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба беҳтаринҳои соҳаи футболи соли 2022 дар вилояти Суғд ҷоизаҳо супорида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. 

29 декабр дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд доир  гардид.  Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросим аз муҳимтарин воқеаҳои марбут ба футбол дар соли 2022 ёдовар шуда, роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро ҷиҳати ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё — 2023 дар соли ҷашни 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбии беназири футболи тоҷик арзёбӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин раванд ҳамасола дар қаламрави вилоят фаъолияти футболбозон, мураббиён ва кормандони соҳаи футбол натиҷабардорӣ мешавад.

Барои дастаҳои футболи вилоят имсол соли хотирмон буд, зеро клуби футболи «Хуҷанд» дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар соли 2022 мақоми сеюмро соҳиб гардида, ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Федератсияи футболи вилояти Суғд Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд баргузор гардид, ки дар он 9 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок ва қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа ҷойи сеюм насиби дастаи «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ, ҷойи дуюм насиби дастаи «Исфара»-и шаҳри Исфара ва зинаи аввал насиби дастаи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд гардид. Дастаҳои «Парвоз» ва «Исфара» ба Лигаи якуми мамлакат роҳхат гирифтанд.

Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки мураббиёну футболбозон минбаъд низ кӯшишу ғайрат ва маҳорату таҷрибаи андӯхтаашонро барои тарғибу ташвиқи футбол ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои оянда сафарбар менамоянд.

Сипас, маросими ҷоизасупорӣ оғоз ёфта, ба беҳтарин бозигари навраси сол ва мураббии наврасон, беҳтарин мактаби футболи варзишӣ, беҳтарин бозингарон  миёни духтарон ва мураббии духтарон, беҳтарин Федератсияи футболи минтақавӣ, беҳтарин довари ҷавон, беҳтарин дарвозабон, муҳофизатгар туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Дар чемпионати имсолаи Лигаи дуюми минтақаи Суғд дастаи «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи сеюм,  дастаи футболи “Исфара”-и шаҳри Исфара соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи футболи “Парвоз”-и ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” соҳиби ҷойи якум гардида, бо медалҳои биринҷӣ, нуқра ва тилло сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон ба дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар Лигаи олии кишвар бомуваффақият иштирок намуда, мақоми сеюмро ишғол намуд, медали биринҷӣ ва диплом супорида шуд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 30, 2022 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд