БО МАРДУМ, МИЁНИ МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ. Абдураҳим Шоҳиён дар мавриди фаъолияти бистуҳаштсолаи ҲХДТ

Декабрь 10, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳадафи калидии он хизмати содиқона ба халқу Ватан мебошад, бисту ҳашт сол сипарӣ гардид. Тӯли ин муддат ҲХДТ аз рӯйи меъёри бо мардум, миёни мардум ва барои мардум фаъолият намуда, дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг, арзишҳои суннатӣ, ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми арзишманд гузошт. Дар робита ба ин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Абдураҳим Шоҳиён андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» баён намуд.

— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рост омада, мавҷудияти онҳо яке аз нишонаҳои давлати демократӣ маҳсуб мешавад. Заминаи пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ зимни аввалин суханрониҳои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Ҳоло дар кишвари мо 7 ҳизби сиёсӣ фаолият намуда, 6-тои он дар парламенти кишвар намояндагони худро дошта, дар фазои қонунгузории кишвар бо таҳияи қонун ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ҷиҳати рушду пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.

Дар низоми сиёсии ҷомеа ҳизбҳои сиёсӣ мақоми дуюмро (баъди давлат) касб намуда, дар ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеа ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши созгор доранд. Аввалин ҳизбҳои сиёсӣ солҳои 70-80-уми асри 17 дар марҳилаи инқилобҳои буржуазӣ ва ба миён омадани шакли парламентии мубориза барои ҳокимият арзи ҳастӣ намуданд. Чунин ҳизбҳо бо номи Тори ва Вига дар Англия ва баъдтар ҳизбҳои якобинҳо ва жирондистҳо дар Фаронса ташкил гардиданд. Баъдан дар Россия аввалин ҳизби сиёсӣ соли 1898 бо номи Ҳизби коргарии сотсиал-демократии Россия ва соли 1902 ҳизби эсерҳо таъсис дода шуданд. Аввалин ҳизбҳои сиёсӣ аслан буржуазӣ буда, муборизаи онҳо ба муқобили сохти феодалӣ нигаронида шуда буд. Вожаи ҳизб арабӣ буда, маънои ҳамфикрон ё гурӯҳи одамонест, ки тавассути ташаккули мафкураи мардум мақсади муайянеро таблиғу ташвиқ ва татбиқ менамоянд.

Обрӯ, мавқеъ ва нуфузи ҳар ҳизби сиёсӣ дар ҷомеа бештар ба барномаҳои он вобаста аст. Тавассути барномаҳои ҳизбӣ дар бар гирифтани майлу ирода ва хостаҳои мардум боиси пайдо намудани маҳбубияти бештари ҳизб миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад. Дар ин росто, ҲХДТ аз рӯзҳои аввали ба саҳнаи сиёсӣ қадам гузоштан чун Роҳбари мардумияш обрӯ ва мавқеи хоссаро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа касб намуда, дар давраи сипаригардида робитаи ин ниҳоди сиёсӣ бо мардум сол ба сол тақвияту густариш ёфта, сазовори боварӣ ва эътимоди аксари сокинони кишвар гардидааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси неруи пешқадами ҷомеа дар баробари зиёда аз ним миллион нафар аъзо ҷонибдорони зиёд дошта, дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ муҳим буда, мактаби ғоявӣ ва назариявии он мунтазам такмил меёбад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи тафаккури Роҳбари муаззами он буда, маҳбубияти он бо истеъдоди фитрии Сарвараш иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҷавҳари ҳизб аз орзую ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик, арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ сиришта шудааст. Консепсияи идеологии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз асарҳо, паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ (зиёда аз ду даҳсола), суханрониҳои Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маншаъ гирифта, барномаҳои ҳизб фарогири ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ буда, тӯли фаъолият таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум шиори барномавии ҳизб маҳсуб мешавад. Як омили муваффақияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ нусхабардорӣ накардани идеяҳои стандартии сиёсӣ мебошад, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ борҳо истифода шудаанд. ҲХДТ дар меҳвари фаъолияти худ танҳо ба арзишҳои ҷаҳони сармоядорӣ, либералӣ, иҷтимоӣ ва диниву мазҳабӣ маҳдуд нашуда, беҳтарин дастовардҳои башариро бо мафкураи миллӣ ҳамоҳанг сохтааст. Таъсири ҷаҳонишавӣ ва рӯз аз рӯз номуайяниҳои навро пайдо намудани кулли муносибатҳо дар арсаи байналмилалӣ масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллиро барои давлатҳои дар ҳоли гузариш ва рӯ ба тараққӣ қарордошта бештар менамояд. Ҷаҳиши бесобиқаи иттилоотии солҳои охир, ки онро пайдоиши интернет ва рушди иттилооти фаромиллӣ тавсеа медиҳад, ба фазои иттилоотиву фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии миллату давлатҳо халал ворид намуда, мафҳуми ҷанги иттиллотиро маъмул намудааст. Воқеан ҳам имрӯз халалдор намудани тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрик додани муқовимати динию мазҳабӣ ва таҳмили арзишҳои сунъӣ омили ҳама гуна низову хушунат гардида истодааст. Дар ин росто, бояд ба хубӣ дарк намоем, ки Ватани азизи мо низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ҷараёнҳои фарогир берун буда наметавонад. Пешорӯи ин гуна таҳдидҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи зеҳнии пуриқтидор ва ниҳоди бонуфузи ҷомеа дар саргаҳи ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳанги маънавӣ ва арзишҳои миллӣ қарор дорад.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба забон, фарҳанг, дину мазҳаб ва расму оини ниёгон корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғи онҳо шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар ин ҷода, аз ҷониби Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо китобҳо таълиф гардиданд, ки ба ҳайси консепсияи фарогири миллию ҳизбӣ хизмат менамоянд ва барои дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани ҷавонон ва насли наврас беҳтарин раҳнамо мебошанд. Инчунин тавассути Паёмҳои солонаи Роҳбари давлат (аз соли 2000-ум то инҷониб) ба Маҷлиси Олӣ заминаи назариявии рушди устувори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар гузошта шуда, амалияи онро мо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дида истодаем. Бо таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари муаззами ҳизб зина ба зина беҳтар гардидани заминаи моддию техникии сохторҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии ҳизб ин ниҳоди бонуфузи сиёсӣ ба мактаби камолоти кадрҳои ҷавон барои сохторҳои гуногуни маҳаллӣ ва хизмати давлатӣ табдил ёфтааст. Сохторҳои ҳизбӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб ҳамкории судмандро бо ҳамаи қишри ҷомеа ба роҳ мондаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилае таъсис ёфт (баъди низоми яккаҳизбӣ ва трансфоматсияи ҷамъиятӣ), ки мафҳумҳои низоми бисёрҳизбӣ, гуногунандешӣ, демократия, моликияти хусусӣ, соҳибкорӣ ва ғайра барои мардум падидаи нав буда, дарки амиқи онҳо маърифати баланди сиёсию ҳуқуқии ҷомеаро тақозо менамуд. Бо назардошти вазъи ҳамонвақтаи сиёсии кишвар ва фаъолияти аҳзобу гурӯҳҳои манфиатхоҳ масъулини ҳамонвақтаи ҳизбӣ тавонистанд мақсаду маром ва ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизби навтаъсисро ба оммаи мардум фаҳмонанд.

Дар марҳилаи кунунӣ вазъи ноороми ҷаҳони ҷаҳонӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар, хусусан аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ таҳлилҳои амиқ, фарҳанги баланди сиёсӣ ва дар ин раванд ба роҳ мондани фаъолиятро тақозо менамояд. Дар ин марҳила кормандони ҳизбӣ бо дарки масъулият ҷиҳати ҳифзу ҳимояи истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ, суботи сиёсӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва волоияти қонун тавассути ташаккули мафкураи мардум роҳу усулҳои нави корбариро роҳандозӣ намуда истодаанд. Тавассути иттилоот ва истифода аз ҳама роҳу усулҳои таъсиррасонӣ ба шуури ҷомеа ҳатто дахл намудан ба сиёсати миллии давлатҳо ва ноором намудани вазъи сиёсӣ дар баъзе кишварҳо ба назар мерасад. Дар ин росто, амнияти ҷомеа ва давлат аз шуури ҷамъиятӣ зич вобаста аст. Вобаста ба ин вазифаи меҳварии ҳар шаҳрванди кишвар расидан ба қадру манзалати соҳибдавлатӣ, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва муттаҳид гардидан дар партави ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳимояи ин арзишҳо аз хатарҳои ҷаҳони муосир ба шумор меравад.

Абдураҳим ШОҲИЁН,
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

АКС: КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ/манбаъҳои боз

Декабрь 10, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Дар шаҳри Риёз масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд