ЧҶ-2022: ҲАМАИ НИМФИНАЛИСТОН МАЪЛУМ ШУДАНД. Мухлисони футбол дар Тоҷикистон дар куҷо ва кай пахши бозиҳои ½-финалиро тамошо мекунанд?
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе, 10 декабр бозиҳои охирини марҳалаи ¼-финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар баргузор гардиданд. Дар натиҷаи ин бозиҳо ҳамаи нимфиналистони ЧҶ-2022 маъмул шуданд. Инҳо дастаҳои мунтахаби Аргентина, Марокаш, Фаронса ва Хорватия мебошанд.
Дастаи мунтахаби Марокаш бар тими Португалия ба таври ҳангомавӣ ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 42-юм Юсуф Ан-Носирӣ ба ҳадаф расонд, ки ба ӯ Яҳё Аттиёт-Аллоҳ партофти головар дод. Дар дақиқаи 90+3 Валид Ҳеддира корти сурх гирифт (огоҳии дуюм), вале марокашиҳо ҳисоби бозиро нигоҳ доштанд – 1:0. Криштиану Роналду ин бор низ натавонист чемпиони ҷаҳон шавад.
Дастаи мунтахаби Фаронса тими Англияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Дар дақиқаи 17-ум Аурелен Тчуамени бо партофти Антуан Гризман гол зада, ҳисоби бозиро кушод. Дар дақиқаи 54-ум Ҳарри Кейн аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 78-ум Оливйе Жиру гол зад ва ҳисоб 2 бар 1 ба фоидаи Фаронса шуд. Пас аз шаш дақиқа Кейн метавонист ҳисобро баробар кунад, аммо аз зарбаи 11-метра гол зада натавонист.
Ҳамин тавр, ҳамаи иштирокчиёни нимфинал ва ҷадвали мусобиқа муайян гардиданд.
13 декабр
23:59. Аргентина — Хорватия.
14 декабр
23:59. Фаронса — Марокаш.
Мухлисони футбол дар Тоҷикистон метавонанд ҳарду бозии нимфинали Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футболро дар Қатар мустақим тамошо кунанд. Соат дар тақвим бо вақти Душанбест.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Фаронса чемпиони кунунии ҷаҳон ва Хорватия — барандаи медали нуқра мебошад.
Акс: GETTY IMAGES








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






