ЧҶ-2022: Фаронса – Марокаш. Кай ва дар куҷо бозии дуюми нимфиналро тамошо кардан мумкин аст?
ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 14 ба 15 декабр дар шаҳри Эл-Хора бозии дуюми нимфиналии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол баргузор мегардад, ки дар он дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Марокаш бозӣ мекунанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Пахши мустақими бозии Фаронса ва Марокаш соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз шуда, дар шабакаҳои варзишии Тоҷикистон — «ТВ Варзиш» ва «Футбол» дастрас хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Фаронса пас аз пирӯзӣ дар ЧҶ-2018 дар Россия чемпиони фаълии ҷаҳон оид ба футбол мебошад. Дар марҳилаи 1/8-финали ЧҶ-2022 дастаи Фаронса нахуст бар дастаи мунтахаби Лаҳистон (3:1) ва баъдан бар дастаи Англия (2:1) пирӯз шуд. Дар омади гап, ҳамлагари ПСЖ ва дастаи мунтахаби миллии Фаронса Килиан Мбаппе (ДАР АКС) ба роҳ ёфтани дастааш ба даври нимфинали чемпионати ҷаҳон дар Қатар вокуниш кард. «Ба орзуи мутлақ боз ҳам наздиктар шудем», — навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар мавриди дастаи мунтахаби миллии Марокаш бояд гуфт, ки ду бозии ҳангомавӣ нишон дод: аввал дастаи мунтахаби миллии Испанияро аз мусобиқа берун кард (0:0, зарбаҳои 11-метра — 3:0), пас аз он дастаи мунтахаби миллии Португалияро ноком намуд (1:0).
АКС аз манбаъҳои боз








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






